Ҷавонзани душанбегӣ ба азхудкунии 3 ҳазор доллари амрикоии падараш гумонбар дониста мешавад

Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷавонзани 30-солаи душанбегӣ Бунафша Давлатова ба азхудкунии 3 ҳазор доллари амрикоии падараш гумонбар дониста мешавад. Ин миқдор маблағро ӯ аз падараш гирифта, дигар барнагардондааст. Тибқи иттилои намояндаи Вазорати умури дохилӣ, шаҳрванд Неъматулло Давлатови 66-сола ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз болои амали ғайриқонунии духтараш ва дугонаи ӯ Истам Ҷумъаева шикоят […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷавонзани 30-солаи душанбегӣ Бунафша Давлатова ба азхудкунии 3 ҳазор доллари амрикоии падараш гумонбар дониста мешавад. Ин миқдор маблағро ӯ аз падараш гирифта, дигар барнагардондааст.




Тибқи иттилои намояндаи Вазорати умури дохилӣ, шаҳрванд Неъматулло Давлатови 66-сола ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз болои амали ғайриқонунии духтараш ва дугонаи ӯ Истам Ҷумъаева шикоят мебарад. «Дар шикоят гуфта шудааст, ки моҳи апрели соли равон духтараш ва дугонаи ӯ ба боварии падар даромада, бо роҳи фиреб аз ӯ 3 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ мегиранд ва бедарак мешаванд», – изҳор дошт манбаъ.



Аз сарчашма ҳамчунин хабар дода шуд, ки чанде қабл ҳар ду гумонбаршудагон дастгир шуда, нисбат ба аъмоли содиркардаи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.