Тӯраҷонзода: Бо соли 2009-ро Соли Имоми Аъзам эълом доштан президент дастгирии мардумро аз сиёсати худ таъмин сохт

Date:


Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – «Сарвари ҳар давлате ба дастгирии мардуми кишвараш ниёз дорад ва бо соли 2009-ро Соли Имоми Аъзам эълом доштан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастгирии мардумро аз сиёсати худ таъмин сохта, нисбат ба эътиқоди мардум эҳтиром ва арҷмандӣ изҳор сохт», – гуфт дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аъзои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз пешвоёни рӯҳонии бонуфузи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.




Номбурда чунин изҳори назар намуд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ дарк кардааст, ки бидуни эҳтироми иродаи мардум ба чизе ноил гаштан амри маҳол аст. «Ҷавонон – ояндаи миллату ватананд ва имрӯз мо мушоҳида менамоем, ки дар Тоҷикистон сафи масҷидравон маҳз аз ҳисоби ҷавонон рӯз то рӯз зиёдтар мешавад», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Тӯраҷонзода, пешвоёни рӯҳонӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон нуфузи хоссаеро доро ҳастанд ва сарвари давлат хеле оқилонаву дурандешона рафтор намуд, ки он барои боз ҳам наздикшавии ӯ бо мардум мусоидат хоҳад кард.



Мавсуф зикр кард, ки ташаббуси сарвари давлат ҳамучунин ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати мардум низ мусоидат хоҳад кард. «Бахусус имрӯз, ки як қатор равияҳои мазҳабӣ чун «Салафия» фаъолтар шудаанд, пеш гирифтани чунин иқдом хеле саривақтиву зарур аст», – таъкид сохт Тӯраҷонзода.



             Оид ба ақидаи баъзе коршиносон дар мавриди он ки иқдоми мазкур назорат аз болои дин ва сӯиистифода аз онро афзун хоҳад сохт, Тӯраҷонзода чунин изҳори назар намуд, ки ин гуна ташвишҳо беасос нестанд, зеро 90 фоизи сохтори таблиғотии дастгоҳи роҳбари давлат ва маҳз касоне, ки бо масоили динӣ сарукор доранд, нисбат ба ислом муносибати эҳтиромона надоранд. «Ба ҳар ҳол, ман умедворам, ки ин иқдом «ташаббуси созанда ва некхоҳона хоҳад буд», – афзуд ӯ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...