Вазорати нақлиёт: Нақби «Истиқлол» пас аз 35 рӯз ифтитоҳ мешавад

            Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки нақби «Истиқлол», ки аз имрӯз ҳаракат тавассути он манъ аст, пас аз 35 рӯз ифтитоҳ мегардад. «Дар нақб корҳо дар се баст ташкил карда шудаанд ва дар назди сохтмончиён вазифа гузошта шудааст, ки то мавсими борону […]

Аваз Юлдошев





           

Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки нақби «Истиқлол», ки аз имрӯз ҳаракат тавассути он манъ аст, пас аз 35 рӯз ифтитоҳ мегардад.








«Дар нақб корҳо дар се баст ташкил карда шудаанд ва дар назди сохтмончиён вазифа гузошта шудааст, ки то мавсими борону барф корҳои таъмиру сохтмонро пурра ба анҷом расонанд», – изҳор дошт манбаъ.







Ба қавли намояндаи вазорат, сохтмончиёни нақб бо ҳама масолеҳи сохтмонии зарурӣ, шароити хуби истироҳат ва нерӯи барқи доимӣ таъминанд.







Ёдрас мекунем, ки бо супориши президент нақби мазкур аз 12-уми сентябр барои анҷоми пурраи корҳои таъмиру сохтмон то ду моҳ баста шуд ва ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Анзоб сурат хоҳад гирифт.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.