Тӯраҷонзода: Бо соли 2009-ро Соли Имоми Аъзам эълом доштан президент дастгирии мардумро аз сиёсати худ таъмин сохт

Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – «Сарвари ҳар давлате ба дастгирии мардуми кишвараш ниёз дорад ва бо соли 2009-ро Соли Имоми Аъзам эълом доштан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастгирии мардумро аз сиёсати худ таъмин сохта, нисбат ба эътиқоди мардум эҳтиром ва арҷмандӣ изҳор сохт», – гуфт дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аъзои Маҷлиси Миллии […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – «Сарвари ҳар давлате ба дастгирии мардуми кишвараш ниёз дорад ва бо соли 2009-ро Соли Имоми Аъзам эълом доштан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастгирии мардумро аз сиёсати худ таъмин сохта, нисбат ба эътиқоди мардум эҳтиром ва арҷмандӣ изҳор сохт», – гуфт дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аъзои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз пешвоёни рӯҳонии бонуфузи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.




Номбурда чунин изҳори назар намуд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ дарк кардааст, ки бидуни эҳтироми иродаи мардум ба чизе ноил гаштан амри маҳол аст. «Ҷавонон – ояндаи миллату ватананд ва имрӯз мо мушоҳида менамоем, ки дар Тоҷикистон сафи масҷидравон маҳз аз ҳисоби ҷавонон рӯз то рӯз зиёдтар мешавад», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Тӯраҷонзода, пешвоёни рӯҳонӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон нуфузи хоссаеро доро ҳастанд ва сарвари давлат хеле оқилонаву дурандешона рафтор намуд, ки он барои боз ҳам наздикшавии ӯ бо мардум мусоидат хоҳад кард.



Мавсуф зикр кард, ки ташаббуси сарвари давлат ҳамучунин ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати мардум низ мусоидат хоҳад кард. «Бахусус имрӯз, ки як қатор равияҳои мазҳабӣ чун «Салафия» фаъолтар шудаанд, пеш гирифтани чунин иқдом хеле саривақтиву зарур аст», – таъкид сохт Тӯраҷонзода.



             Оид ба ақидаи баъзе коршиносон дар мавриди он ки иқдоми мазкур назорат аз болои дин ва сӯиистифода аз онро афзун хоҳад сохт, Тӯраҷонзода чунин изҳори назар намуд, ки ин гуна ташвишҳо беасос нестанд, зеро 90 фоизи сохтори таблиғотии дастгоҳи роҳбари давлат ва маҳз касоне, ки бо масоили динӣ сарукор доранд, нисбат ба ислом муносибати эҳтиромона надоранд. «Ба ҳар ҳол, ман умедворам, ки ин иқдом «ташаббуси созанда ва некхоҳона хоҳад буд», – афзуд ӯ

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.