Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки нақби «Истиқлол», ки аз имрӯз ҳаракат тавассути он манъ аст, пас аз 35 рӯз ифтитоҳ мегардад.
«Дар нақб корҳо дар се баст ташкил карда шудаанд ва дар назди сохтмончиён вазифа гузошта шудааст, ки то мавсими борону барф корҳои таъмиру сохтмонро пурра ба анҷом расонанд», – изҳор дошт манбаъ.
Ба қавли намояндаи вазорат, сохтмончиёни нақб бо ҳама масолеҳи сохтмонии зарурӣ, шароити хуби истироҳат ва нерӯи барқи доимӣ таъминанд.
Ёдрас мекунем, ки бо супориши президент нақби мазкур аз 12-уми сентябр барои анҷоми пурраи корҳои таъмиру сохтмон то ду моҳ баста шуд ва ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Анзоб сурат хоҳад гирифт.


