Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон сатҳи ҷинояткорӣ 4,5 дарсад коҳиш ёфтааст

Date:


Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-плюс» – Тайи ҳашт моҳи соли равон дар Тоҷикистон 7 ҳазору 928 ҷиноят содир карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 дарсад камтар аст.




Тибқи маълумоти Кумитаи омори ҷумҳурӣ, ҳарчанд тамоюли умумии коҳиши ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, дар вилотяи Хатлон (7 дарсад) ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба мушоҳида расидааст.



Сардори маркази таҳлилии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ, подполковники милиса Рамазон Рамазонов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ, қабл аз ҳама, ба баргузории чорабиниҳои муассири пешгирӣ вобаста аст. «Мо ҳамеша шахсони пеш доғи судӣ дошта, ҳуҷҷатҳои будубоши онҳо, кӯдакони бесаробон ва шахсони бехонаву чизро зери назорат мегирем», – гуфт ӯ.



Мавсуф зикр кард, ки тайи ин муддат ҷиноятҳои вазнин 5,6 дарсад ё худ 99 ҳодиса ва ҷиноятҳои аз тарафи ноболиғон содиргардида аз 457 ҳодисаи соли гузашта то 289 ҳодиса камтар шудаанд.



Мувофиқи маълумоти Р.Рамазонов, соли равон сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳо 81,2 дарсадро ташкил додаааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 дарсад бештар аст.




 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...