Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон сатҳи ҷинояткорӣ 4,5 дарсад коҳиш ёфтааст

Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-плюс» – Тайи ҳашт моҳи соли равон дар Тоҷикистон 7 ҳазору 928 ҷиноят содир карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 дарсад камтар аст. Тибқи маълумоти Кумитаи омори ҷумҳурӣ, ҳарчанд тамоюли умумии коҳиши ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, дар вилотяи Хатлон (7 дарсад) ва […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-плюс» – Тайи ҳашт моҳи соли равон дар Тоҷикистон 7 ҳазору 928 ҷиноят содир карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 дарсад камтар аст.




Тибқи маълумоти Кумитаи омори ҷумҳурӣ, ҳарчанд тамоюли умумии коҳиши ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, дар вилотяи Хатлон (7 дарсад) ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба мушоҳида расидааст.



Сардори маркази таҳлилии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ, подполковники милиса Рамазон Рамазонов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ, қабл аз ҳама, ба баргузории чорабиниҳои муассири пешгирӣ вобаста аст. «Мо ҳамеша шахсони пеш доғи судӣ дошта, ҳуҷҷатҳои будубоши онҳо, кӯдакони бесаробон ва шахсони бехонаву чизро зери назорат мегирем», – гуфт ӯ.



Мавсуф зикр кард, ки тайи ин муддат ҷиноятҳои вазнин 5,6 дарсад ё худ 99 ҳодиса ва ҷиноятҳои аз тарафи ноболиғон содиргардида аз 457 ҳодисаи соли гузашта то 289 ҳодиса камтар шудаанд.



Мувофиқи маълумоти Р.Рамазонов, соли равон сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳо 81,2 дарсадро ташкил додаааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 дарсад бештар аст.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.