Дар пойтахт мошиндузд дастгир карда шуд

Date:




Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби якшанбе аз бозори мошинфурӯшии маҳаллаи Гипрозем автомобили навъи «Опел-Астра» дуздида шуд.








Аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сокини шаҳри Душанбе Ҷовид Одилов бо ариза дар бораи гум шудаи автомашинааш муроҷиат кардааст. «Ба гумони даст доштан дар ин кор кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт сокини ҳамин ноҳияи шаҳр Инъомҷон Бобоевро боздошт намуданд», – изҳор дошт сарчашма ва афзуд, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот бурда мешавад.







Тибқи маълумоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ дар ҳашт моҳи соли равон дар қаламрави кишвар 53 ҳодисаи дуздии воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. «Чун анъана содиркунандагони ин гуна ҷиноятҳо дар муддати як ҳафта ошкор карда мешаванд», – афзуд сарчашма.

 





ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...