Дар пойтахт мошиндузд дастгир карда шуд

Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби якшанбе аз бозори мошинфурӯшии маҳаллаи Гипрозем автомобили навъи «Опел-Астра» дуздида шуд. Аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сокини шаҳри Душанбе Ҷовид Одилов бо ариза дар бораи гум шудаи автомашинааш муроҷиат кардааст. «Ба гумони даст доштан дар ин кор кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи […]

Аваз Юлдошев




Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби якшанбе аз бозори мошинфурӯшии маҳаллаи Гипрозем автомобили навъи «Опел-Астра» дуздида шуд.








Аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сокини шаҳри Душанбе Ҷовид Одилов бо ариза дар бораи гум шудаи автомашинааш муроҷиат кардааст. «Ба гумони даст доштан дар ин кор кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт сокини ҳамин ноҳияи шаҳр Инъомҷон Бобоевро боздошт намуданд», – изҳор дошт сарчашма ва афзуд, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот бурда мешавад.







Тибқи маълумоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ дар ҳашт моҳи соли равон дар қаламрави кишвар 53 ҳодисаи дуздии воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. «Чун анъана содиркунандагони ин гуна ҷиноятҳо дар муддати як ҳафта ошкор карда мешаванд», – афзуд сарчашма.

 





Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.