Раиси шаҳри Душанбе аз кори яке аз муовинонаш қаноатманд нест

Date:


Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи навбатии назоратии мақомоти шаҳрдории пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз кори муовини худ Абдуҳомид Шералиев ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» Асомиддин Ризоев изҳори норозигӣ намуд.




Сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки М.Убайдуллоев барои муовинаш ва раиси корхона ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва таъмини кофии бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти ғизоӣ то 15-уми ноябр мӯҳлат муайян кард.



Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи шахсони масъули Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе шунида шуд. Масъулони сарраёсат ба ҳозирин дар бораи таҳияи нақшаи махсус оид ба ободонии пойтахт дар давраи солҳои 2008-2010 маълумот доданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...