Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Муҷассамасози тоҷик Амриддин Аминов «барои саҳми арзанда дар густариши афкори сулҳпарварона ва таҳаммулпазирӣ тавассути эҷодиёт ва ҷонибдорӣ ба афкору ҳадафҳои ЮНЕСКО» ба унвони ифтихории «Ҳунарпешаи ҷаҳони ЮНЕСКО» сазовор гашт. Дар ин бора Маркази иттилооти Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.
Имрӯз дар шаҳри Париж, дар дафтари кории ЮНЕСКО ба ин муносибат маросими расмӣ доир мегардад. Дар маросими расмӣ директори генералии ЮНЕСКО Коитиро Матсуура ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ширкат хоҳанд варзид.


