Дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон ҳодисаҳои садамаи нақлиёт камтар мешаванд

            Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки соли равон дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон ҳодисаҳои садамаи нақлиёт коҳиш ёфтаанд.             Аз оғози соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 1 ҳазору 168 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст (соли 2007 […]

Валентина Кондрашова



           

Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки соли равон дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон ҳодисаҳои садамаи нақлиёт коҳиш ёфтаанд.





           

Аз оғози соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 1 ҳазору 168 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст (соли 2007 – 1 ҳазору 203 ҳодиса), ки бар асори он 1 ҳазору 350 нафар (соли 2007 – 1 ҳазору 397 нафар) ба ҳалокат расиданд. Шумораи ҷабрдидагоне, ки ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд, баръакс, аз 293 нафар ба 350 нафар афзудааст.




           

Кормандони раёсат коҳиши ҳодисаҳои садамаи нақлиётро ба баргузории чорабиниҳои муассири фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ, аз қабили амалиётҳои «Кӯдакон», «Автобус» ва ғайра марбут медонанд.




           

Дар ҳамин ҳол, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 8 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дод, ки бар асари он 3 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ гирифтанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.