Намоишгоҳи мусаввараҳои Илёс Мамадҷонов дар дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон

Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон аз 15-уми сентябр то 15-уми октябр намоишгоҳи мусаввараҳои Илёс Мамадҷонов баргузор мегардад. Намояндаи дафтари кории мазкур дар сӯҳбат бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки намоишгоҳ дар рӯзҳои корӣ ба тамошобинон пешкаш мегардад. Ба иттилои манбаъ, И.Мамадҷонов мусаввараҳои худро дар чанде […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон аз 15-уми сентябр то 15-уми октябр намоишгоҳи мусаввараҳои Илёс Мамадҷонов баргузор мегардад. Намояндаи дафтари кории мазкур дар сӯҳбат бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки намоишгоҳ дар рӯзҳои корӣ ба тамошобинон пешкаш мегардад.




Ба иттилои манбаъ, И.Мамадҷонов мусаввараҳои худро дар чанде аз намоишгоҳҳои байнулмилалӣ ба маърази тамошо гузоштааст ва имрӯз бисёр мусаввараҳои ӯ маҷмӯаҳои хусусиро дар Олмон, Австрия, Швейтсария, Белгия, Туркия, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бритониёи Кабир ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зебе зинат медиҳанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.