Оғози фестивали «Дизайн-2008» дар Душанбе

Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи баргузории Ҳамоиши III -уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»   фестивали байнулмилалии ҷавонони «Дизайн-2008» оғоз мегардад, ки то 19-уми сентябр идома хоҳад ёфт. Раиси Иттифоқи ороишгарони Тоҷикистон Ҷамшед Ғаниев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар […]

Валентина Кондрашова


Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи баргузории Ҳамоиши


III


-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»

 

фестивали байнулмилалии ҷавонони «Дизайн-2008» оғоз мегардад, ки то 19-уми сентябр идома хоҳад ёфт.




Раиси Иттифоқи ороишгарони Тоҷикистон Ҷамшед Ғаниев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки фестивал аз 2 барнома – озмунӣ ва ғайриозмунӣ иборат буда, дар байни донишҷӯён ва мутахассисон гузаронида мешавад.



Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯбаи барномаи фестивал озмуни корҳои беҳтарин дар тарроҳиву ороиши сарулибос, дафтари корӣ, аксбардорӣ ва ороиши ҷавоҳирот низ доир мегарданд.



Бино ба иттилои манбаъ, дар озмуни мӯд мутахассисон аз 8 то 12 ва донишҷӯён аз 3 то 5 кори худро пешкаш мекунанд ва дар ин озмун Тоҷикистонро ороишгарону чеварони шинохта Р.Шералиева, М.Ҳамроева, Н.Бекназаров ва Б.Эмомов намояндагӣ хоҳанд кард.



Котиби масъули лоиҳа Гамила Абдурауфова хабар медиҳад, ки барои иштирок дар фестивал 80 дархостнома қабул карда шудааст Интизор меравад, ки дар барномаҳои ғайриозмунӣ намояндагони Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон корҳои худро ба маърази тамошо мегузоранд. Озмуни асосӣ ва ниҳоии мӯд дар Маркази Вефа доир гашта, дар анҷоми он ғолибон муайян карда мешаванд.



Шоми имрӯз намоишгоҳи аксҳо ифтитоҳ гардида, ҳамчунин намоиши навъҳои сарулибоси тарроҳону ороишгарони Хуҷанд ва коллеҷи санъати ин шаҳр баргузор мегардад.



Фестивал аз ҷониби Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ ва Иттифоқи ороишгарони Тоҷикистон созмон дода шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.