Намояндагони Тоҷикистон аз ҷараёни баргузории интихоботи президенти Озарбойҷон назорат хоҳанд кард

Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар интихоботи президенти Озарбойҷон, ки дар таърихи 15-уми октябр баргузор мешаванд, гурӯҳи нозирон аз Тоҷикистон ширкат хоҳанд варзид. Аз Комиссияи марказиии интихобот ва райъдиҳии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки нозирони Тоҷикистон бар асоси даъвати ҷониби Озарбойҷон ва Муқаррароти ҳайати нозирони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар бораи интихоботи президентӣ […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар интихоботи президенти Озарбойҷон, ки дар таърихи 15-уми октябр баргузор мешаванд, гурӯҳи нозирон аз Тоҷикистон ширкат хоҳанд варзид.




Аз Комиссияи марказиии интихобот ва райъдиҳии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки нозирони Тоҷикистон бар асоси даъвати ҷониби Озарбойҷон ва Муқаррароти ҳайати нозирони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар бораи интихоботи президентӣ ва парлумонӣ дар ин маърака иштирок мекунанд.



«Ҳайати нозирони Тоҷикистонро аъзои Комиссияи марказии интихобот ва райъдиҳии ҷумҳурӣ Исроил Шоев ва Кенҷа Ҳасанов ва ҳамчунин роҳбари шӯъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Юсуф Салимов намояндагӣ мекунанд», – афзуд сарчашма. Ба мансаби президентии Озарбойҷон ҳафт нафар номзад довталабӣ мекунанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.