Намоишгоҳи мусаввараҳои Илёс Мамадҷонов дар дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон

Date:


Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон аз 15-уми сентябр то 15-уми октябр намоишгоҳи мусаввараҳои Илёс Мамадҷонов баргузор мегардад. Намояндаи дафтари кории мазкур дар сӯҳбат бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки намоишгоҳ дар рӯзҳои корӣ ба тамошобинон пешкаш мегардад.




Ба иттилои манбаъ, И.Мамадҷонов мусаввараҳои худро дар чанде аз намоишгоҳҳои байнулмилалӣ ба маърази тамошо гузоштааст ва имрӯз бисёр мусаввараҳои ӯ маҷмӯаҳои хусусиро дар Олмон, Австрия, Швейтсария, Белгия, Туркия, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бритониёи Кабир ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зебе зинат медиҳанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related