Дар ҷашнвораи III-уми байнулмилалии кинои «Дидор» дар Душанбе 24 филми коргардонҳои хориҷӣ намоиш дода мешавад

Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 12 то 16-уми октябр дар пойтахти Тоҷикистон ҷашнвораи III -уми байнулмилалии кинои «Дидор» баргузор мешавад. Сухангӯи ҷашнвора Денис Бекетов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки сарпарастони асосии ҷашнвора «Институти ҷомеаи Кушод – Фонди Мусоидат. Тоҷикистон»   ва Агентии рушду ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон мебошанд. Мавсуф зикр кард, ки […]

Виктория Наумова


Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 12 то 16-уми октябр дар пойтахти Тоҷикистон ҷашнвораи


III


-уми байнулмилалии кинои «Дидор» баргузор мешавад.




Сухангӯи ҷашнвора Денис Бекетов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки сарпарастони асосии ҷашнвора «Институти ҷомеаи Кушод – Фонди Мусоидат. Тоҷикистон»

 

ва Агентии рушду ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон мебошанд. Мавсуф зикр кард, ки мувофиқи қарори Кумитаи тадорукот,

 

тамоми чорабиниҳо, аз қабили намоиши филмҳо, мизҳои мудаввар, муаррифии филмҳои беҳтарини коргардонҳои Осиёи Марказӣ ва нишастҳои матбуотӣ дар Хонаи Кино ва Маркази фарҳанги ҳиндии сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон доир мегарданд.



Д.Бекетов меӯяд, тибқи консепсияи ҷашнвора, ба ҳакамон ва тамошобинон 24 филми коргардонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Русия, Афғонистон, Эрон, Муғулистон, Олмон ва Туркия намоиш дода мешавад.



Ба ҷуз барномаи озмунӣ, ҳамчунин дар доираи чорабиниҳои ҷашнвора намоиши филмҳои муосири афғонӣ, мизи мудаввар дар мавзӯи «Шарқу Ғарб: дурнамои ҳамкориҳо», муаррифии маҷмӯаи дискҳои киношиноси қазоқ Гулнора Абикеева, «Кинои мустанади Осиёи Марказӣ: Даврони Шӯравӣ ва солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ» ва муаррифии китоби «Панҷ садо» (намунаи ашъори панҷ шоири Эрон) баргузор мешавад.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.