Дар фурудгоҳи Душанбе шаҳрванди Испания бо ҳероин боздошт гардид

            Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс – Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба гумони интиқоли маводи мухаддир шаҳрванди Испания Валерий Гаврешукро аз парвози хатсайри «Душанбе-Истанбул» боздоштанд.             Роҳбари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳангоми аз назар гузаронидани борхалтаи сафарии боздоштшуда аз он ҳудуди се […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс – Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба гумони интиқоли маводи мухаддир шаҳрванди Испания Валерий Гаврешукро аз парвози хатсайри «Душанбе-Истанбул» боздоштанд.





           

Роҳбари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳангоми аз назар гузаронидани борхалтаи сафарии боздоштшуда аз он ҳудуди се кило ҳероин дарёфт ва мусодира карда шудааст. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.




           

Қобили зикр аст, ки ин нахустин ҳодисаи аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ интиқол додани маводи мухаддир аз Тоҷикистон набуда, қаблан шаҳрвандони Уганда, Африқои Ҷанубӣ, Филиппин ва Афғонистон низ ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва маҳкум шудаанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.