Додситонии кулл аз болои Д.Атовуллоев парвандаи ҷиноӣ боз кард

             Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи иттилои аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс расида, бо пешниҳоди ин вазорат Додситонии кулл аз болои муассиси ҷаридаи «Чароғи рӯз» ва роҳбари ҳаракати «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.             «Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, аз ҷумла моддаи 307 (Даъвати […]

Аваз Юлдошев/Наргис Ҳамробоева


             Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи иттилои аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс расида, бо пешниҳоди ин вазорат Додситонии кулл аз болои муассиси ҷаридаи «Чароғи рӯз» ва роҳбари ҳаракати «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.





           

«Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, аз ҷумла моддаи 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ) ва 137 (Тӯҳмат ба президенти Тоҷикистон) боз шудааст», – изҳор дошт манбаъ. айбдор дониста мешавад.



Бино ба иттилои манбаъ, айни замон рӯзноманигор дар пайгарди қонунӣ эълон гардида, оид ба боздошти ӯ чораҳо андешида мешаванд. Мувофиқи маълумоти ғайрирасмӣ, Д.Атовуллоев феълан дар қаламрави Олмон кору зиндагӣ мекунад.



Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов роҳбари ҳаракати «Ватандор» ва сармуҳаррири рӯзномаи «Чароғи рӯз» Додоҷон Атовуллоевро террористи иттилоотӣ номид.



Ӯ изҳор дошт, ки Д.Атовуллоев дар хориҷи кишвар умр ба сар бурда, дур аз ватан дар мақолаву изҳороташ шаъну шараф ва эътибори миллати тоҷикро паст зада, ҳукумати Тоҷикистонро назди ҷаҳониён муттаҳам месозад. «Додоҷон Атовуллоев шахси беватан аст, ӯ ҳеҷ гоҳ роҳбар набуд ва шуда ҳам наметавонад», – таъкид сохт додситони кулли ҷумҳурӣ.



Б.Бобохонов ҳамчунин зикр кард, ки «дар сурати хотима набахшидан ба фаъолияти иғвогаронаву тӯҳматангез, аз болои ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, барои боздошт ва ба маҳкама кашидани ӯ тамоми чораҳо андешида хоҳанд шуд».



Ахири моҳи июни соли равон дар оҷонсии иттилоотии «Росбалт» дар шаҳри Маскав бо иштироки Д.Атовуллоев нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он роҳбари ҳаракати «Ватандор» ба таври ошкоро изҳор дошт, ки «Тоҷикистон дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дорад». «Мо хоҳони онем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи вазъи кишвари қашшоқ, бадбахт, фасодзада, сӯхта ва поймолшуда огоҳ бошад, – гуфта буд ӯ дар нишасти матбуотӣ. – Ҳолати анъанавии тоҷики имрӯза: сарулибоси кӯҳна, нигоҳи камнури маъюс, ва чеҳраи ғамолуд…».



Бар замми ин, Д.Атовуллоев зикр карда буд, ки нерӯҳои мухолифро дар ғурбат роҳбарӣ мекунад ва аз соли 2004 имкон надорад, ба Тоҷикистон сафар кунад. Ӯ ҳамчунин чунин пешгӯӣ карда буд: «тирамоҳу зимистони соли 2008 дар саросари қаламрави Тоҷикистон гирдиҳамоиҳо баргузор шуда, иқдомҳои эътирози аҳли ҷомеа сурат мегиранд».


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.