Кишоварзони ҷумҳурӣ баробари 32 фоизи нақша ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ карданд

Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти омории вазорати кишоварзӣ,   то 22 сентябри соли ҷорӣ   176 ҳазору 706   тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, дар як рӯз бошад,   8422 тонна, ки баробари 32,0   фоизи иҷрои нақшаи солона мебошад. Кишоварзони вилояти Хатлон аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, то имрўз 138 […]

root


Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти омории вазорати кишоварзӣ,

 

то 22 сентябри соли ҷорӣ

 

176 ҳазору 706

 

тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, дар як рӯз бошад,

 

8422 тонна, ки баробари 32,0

 

фоизи иҷрои нақшаи солона мебошад.




Кишоварзони вилояти Хатлон аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, то имрўз 138 ҳазору

 

999 тонна тиллои сафед ба хирмани ватан ворид намуданд, ки баробари 41,9 фоизи нақша мебошад.

 

Чиниши пахта дар як рӯз дар вилоят 5488 тоннаро ташкил медиҳад. Кишоварзони

 

ноҳияҳои

 


 

Ёвон 14392 тонна, Бохтар ба миқдори 13645 тонна, Восеъ 12329 тонна, Қубодиён 11879 тонна, Шаҳритӯс 9830 тонна пахтаи навъи маҳинах ҷамъоварӣ намуда, дар ҷумҳурӣ ва вилоят дар сафи пеш қарор доранд.



Дар вилояти Суғд низ имрӯзҳо чиниши пахта бо суръати баланд давом дорад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, то имруз 25693 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 14,9 фоизро ташкил медиҳад.Дар ин маъракаи муҳим саҳми кишоварзони ноҳияҳои Конибодом

 

5744 тонна,

 

Мастчоҳ 5722 тонна, Ҷаббор Расулов

 

3379 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд.



Хоҷагихои пахтакори ноҳияҳои тобеи марказ низ то имрўз

 

12014

 

тонна тиллои сафед ҷамъоварӣ

 

намуданд.

 

Пахтакорони ноҳияҳои Ҳисор 4500 тонна, Турсунзода 3436 тонна, Ваҳдат ба миқдори 2090 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд.



Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ дар давраи ҷамъоварии пахта 224 ҳазору 641 нафар чинакчиён, аз

 

он ҷумла

 

187 ҳазору 709 нафар чинакчиёни хочагиҳо ва 36932 нафар ёрдамчиён

 

ба чиниши пахта машғул мебошанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.