Занони соҳибкор барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ аз президенти Тоҷикистон грантҳо дарёфт мекунанд

           Душанбе. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи «Барномаи грантҳои президентӣ» оид ба   фаъолияти соҳибкории занон озмун эълон менамояд. Барномаи грантҳои президентӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ ва бевосита аз тарафи дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди […]

root




          



Душанбе. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар чаҳорчӯбаи «Барномаи грантҳои президентӣ» оид ба

 


фаъолияти соҳибкории занон озмун эълон менамояд.



Барномаи грантҳои президентӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ ва бевосита аз тарафи дастгоҳи марказии


Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар

амал татбиқ мешавад.

Кумита «Барномаи грантҳои Президентӣ» – ро дар асоси Қоидаҳои тартиби ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурнии Тоҷикистон

 

аз 4 сентябри соли 2008, № 448 тасдиқ шудааст, амалӣ менамояд.




           

Грантҳои Президенти

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҶТ – занони соҳибкоре, ки

 

лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба ҳалли масоили занҳо ва таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои корӣ

 

дар фаъолияти рушди соҳибкорӣ мусоидат менамояд, ҷудо карда мешаванд.




           

Грантдиҳанда ҷудо намудани грантҳои Президентиро ба андозаҳои зерин:



10 грант дар ҳаҷми 40 000 (чил ҳазор) сомонӣ;



10 грант дар ҳаҷми 30 000 (сӣ ҳазор) сомонӣ;



10 грант дар ҳаҷми 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ пешбинӣ намудааст.




           

Мӯҳлати иҷрои лоиҳа то 6 моҳро дар бар мегирад.

Барои иштирок дар барнома

занони соҳибкор

лоиҳаро бояд дар ҳаҷми на зиёда аз панҷ (5) саҳифа, дар барномаи



MS




WORD




бо истифода аз шрифти (14)


Times




New




Roman




Tj




ва мувофиқати пурра ба талаботи озмун пешниҳод намоянд. Ташкилотҳои ҳавасманд метавонанд маълумоти иловагиро оид ба талаботи лоиҳаи «Озмун


оид ба пешниҳоди лоиҳаҳо дар «Барномаи грантҳои президентӣ»

»

 

аз

 

Кумита дастрас намоянд.

 

Дар ин бора корманди масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Маърифат Шокирова хабар дод.





Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.