ҲНИТ озмуни ҷумҳуриявии қуръонхонӣ доир месозад

Душанбе. 29-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 11-уми октябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон   (ҲНИТ) ният дорад, дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии қуръонхонӣ доир намояд. Аз дафтари кории ҳизб ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки озмуни мазкур ба муносибати Соли бузургдошти Қуръони азимушшаън, ки роҳбари ҳизб онро соли 2008 эълом дошта буд, гузаронида мешавад. Бино […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 29-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 11-уми октябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

 

(ҲНИТ) ният дорад, дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии қуръонхонӣ доир намояд.






Аз дафтари кории ҳизб ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки озмуни мазкур ба муносибати Соли бузургдошти Қуръони азимушшаън, ки роҳбари ҳизб онро соли 2008 эълом дошта буд, гузаронида мешавад.





Бино ба иттилои манбаъ, соли равон дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ озмунҳои қуръонхонӣ барпо гаштанд. «Дар озмун на танҳо ғолибони озмунҳои минтақавӣ, балки ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ширкат варзанд», – изҳор дошт манбаъ. Зикр гардид, ки озмун соли дуввум пайдарҳам гузаронида мешавад ва ҳизб ният дорад онро анъанавӣ гардонад.





Дар ҳамин ҳол, тибқи хабари сомонаи Кавказ.Мэмо.ру, дар озмуни байнулмилалии қуръонхонӣ дар Маскав намояндаи Тоҷикистон Ҳайдаралӣ Муродов сазовори мақоми саввум гардидааст.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.