Мирзохӯҷа Аҳмадов ваъда медиҳад, ки амнияти президент зимни сафар ба Рашт сад дарсад таъмин хоҳад гардид

Далер Ғуфронов


Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс»



С



ардори раёсати минтақавии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки



амнияти президент зимни сафари корӣ ба водии Рашт сад дарсад таъмин хоҳад гардид.




Ёдовар мешавем, ки

с




убҳи имрӯз дар назди бинои Раёсати Вазорати умури дохилӣ оид ба мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт гирдиҳамоии ғайриқонунӣ баргузор шуд. Тақрибан 60-70 нафар занони ноҳия назди бино ҷамъ омада, аз сардори ин раёсат, полковники милиса Мирзохӯҷа Аҳмадов талаб карданд, ки силоҳи ғайриқонунӣ нигаҳдоштаашро ба ҳукуматдорон супорад.

 







           

Дар мавриди шарҳи ин қазия М.Аҳмадов таъкид сохт, ки воқеъан ҳам занони ҷамъомада



супоридани силоҳҳои ғайриқонуниро талаб карданд, вале на аслиҳаи ӯ, балки яроқи ба аҳолии минтақа тааалуқдоштаро. «Онҳо модарони мо мебошанд ва кафолати амниятро хоҳонанд, аз ин рӯ, мо онҳоро дастгирӣ менамоем», – гуфт ӯ.




Ёдрас мекунем, 2-уми феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм миёни гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохилӣ

 

ва шӯъбаи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили ноҳияи Рашт задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шуда, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко кушта шуда буд.





Ба гуфтаи М.Аҳмадов, феълан мухолифатҳои пешин мавҷуд нестанд. «Айни замон дар минтақа намояндагони воломақоми ниҳодҳои қудратии ҷумҳурӣ ҳузур доранд, ки амнияти президентро зимни сафар ба водии Рашт таъмин хоҳанд кард ва ман низ чун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия тамоми имконоти мавҷударо истифода бурда, кӯшиш ба харҷ хоҳам дод, ки ба сафари сарвари давлат ҳеҷ хатаре таҳдид накунад», – изҳор дошт М.Аҳмадов.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.