Душанбе. 10-уми октябр – Имрӯз дар Душанбе анҷумани дуюми ҷарроҳони дилу раги кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кор шурӯъ мекунад, ки ду рӯз идома меёбад.
Дар анҷуман маҷмӯи васеи масъалаҳои ҷарроҳии дилу раг муҳокима карда мешавад. Дар он ба масоили муолиҷа ва ҷарроҳии амрози дил таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд. Дар доираи баргузории анҷуман ҳамчунин конфронси сеюми духтурони дили Тоҷикистон ва намоишгоҳи таҷҳизоти тиббӣ ва маҳсулоти дорувории ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ баргузор мегардад.
Анҷуман таҳти раисии вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов доир гардида, дар он намояндагони соҳаи тандурустии кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва давлатҳои дигар иштирок мекунанд.



