Сӯхтор дар бозори «Шоҳмансур»

            Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар яке аз бозорҳои бузурги пойтахт -«Шоҳмансур» сӯхтор сар зад.             Аз Раёсати сӯхторнишонии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки маркази тиҷоратии «Наргис», нуқтаҳои фурӯш ва ошхонаҳои қисми ғарбии бозор пурра сӯхтаанд. «Айни замон гурӯҳҳои сӯхторнишонӣ оташро дар манбаъҳои асосӣ хомӯш карданд, […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар яке аз бозорҳои бузурги пойтахт -«Шоҳмансур» сӯхтор сар зад.





           

Аз Раёсати сӯхторнишонии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки маркази тиҷоратии «Наргис», нуқтаҳои фурӯш ва ошхонаҳои қисми ғарбии бозор пурра сӯхтаанд. «Айни замон гурӯҳҳои сӯхторнишонӣ оташро дар манбаъҳои асосӣ хомӯш карданд, вале дар баъзе ҷойҳои бозор сӯхтор ҳанӯз идома дорад», – изҳор дошт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки дар ҷои ҳодиса 14 гурӯҳи сӯхторнишонӣ, 5 мошини обпош ва ҳайати шахсии раёсат сафарбар карда шудаанд, вале то ҳанӯз сабаби аслии сар задани сӯхтор мушаххас нест. «Тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, аз сӯхтор ҳудуди 2 ҳазору 100 метри мураббаъи масоҳати бозор хисорот бардошта, зарари молиявӣ метавонад ба беш аз 1 млн. сомонӣ баробар шавад», – афзуд сарчашма.



Бино ба иттилои манбаъ, мувофиқи фармони вазири умури дохилии ҷумҳурӣ, ҷиҳати мушаххас кардани сабаби аслии сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарар комиссияи вижа ташкил карда шудааст.



Ёдрас мекунем, ки 13-уми августи соли ҷорӣ дар бозори «Корвон» низ сӯхтор ба амал омада буд, ки бар асари он 60 контейнери мол ва ду ангар пурра нобуд шуда буданд. Мувофиқи хулосаи комиссияи махсус, дар бозори «Корвон» сӯхтор дар натиҷаи қасдан оташ задан рух додааст, вале то ҳол гунаҳкорон ёфт нашудаанд.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.