Душанбе. 11-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, ки дар Маскав қарор дорад, бо занони муҳоҷири меҳнатии тоҷик вохӯриҳо барпо мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси кумита Қимматгул Алибердиева хабар дод, тайи як ҳафта Х.Юсуфӣ зимни вохӯриҳо кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то сабаби афзоиши ҳамасолаи шумораи занони муҳоҷири тоҷикро муайян созад. Дар сафар раиси кумитаро намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ва якчанд созмонҳои байнулмилалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Номбурда инчунин изҳор дошт, ки шумораи дақиқи занони муҳоҷири тоҷик то ҳанӯз мушаххас нест, зеро дар ин бора дар ҷумҳурӣ омори дақиқ низ вуҷуд надорад. «Ояндаи наздик раҳбарияти кумита аз Қазоқистону Чин низ боздид хоҳад кард, зеро дар ин кишварҳо ҳам сафи бонувони муҳоҷири тоҷик зиёд аст», – гуфт ӯ.
Қ.Алибердиева афзуд, ки аз рӯи натиҷаҳои боздидҳо баҳри дақиқан мушаххас кардани вазъу раванд ва шумораи занони муҳоҷири тоҷик конфронси махсус баргузор хоҳад шуд.


