Иттиҳоди Аврупо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кардааст, аз ҳукми қатл даст кашанд

Date:


Душанбе. 11-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бекор кардани ҳукми қатл, ки 10-уми октябри ҳар сол дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, роҳбари Комиссияи Аврупо дар Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон Норбер Жустен дар изҳороти интишоршудаи комиссия изҳор доштааст, ки «Иттиҳоди Аврупо бар он умед аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳукми қатл пурра бекор карда хоҳад шуд».




Гуфта мешавад, ки дар Қазоқистон 21-уми майи соли 2007 пас аз ворид сохтани тағйироту илова ба Сарқонуни кишвар ба ҷуз барои баъзе ҷиноёт, ҳукми қатл бекор карда шудааст. Дар ҳамин ҳол, дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба ҳукми қатл моратория эълон шудааст.



Дар Тоҷикистон соли 2004 ба ҳукми қатл моратория эълон гардида, аз ин ба баъд дар кишвар ба ивази ҷазои ҳукми қатл ҳабси якумра амал мекунад. Дар Ӯзбекистон низ аз 1-уми январи соли 2008 қонуне ба тасвиб расид, ки тибқи он ҳукми қатл ба ҳабси дарозмуддат ё якумра иваз карда шуд. Дар Туркманистон ва Қирғизистон низ ба ҳукми қатл моратория эълом шудааст.



Мувофиқи маълумоти Комиссияи Аврупо, феълан дар 137 кишвари дунё ҳукми қатл истифода намешавад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...