Иттиҳоди Аврупо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кардааст, аз ҳукми қатл даст кашанд

Душанбе. 11-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бекор кардани ҳукми қатл, ки 10-уми октябри ҳар сол дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, роҳбари Комиссияи Аврупо дар Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон Норбер Жустен дар изҳороти интишоршудаи комиссия изҳор доштааст, ки «Иттиҳоди Аврупо бар он умед аст, ки дар кишварҳои Осиёи […]


Душанбе. 11-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бекор кардани ҳукми қатл, ки 10-уми октябри ҳар сол дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, роҳбари Комиссияи Аврупо дар Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон Норбер Жустен дар изҳороти интишоршудаи комиссия изҳор доштааст, ки «Иттиҳоди Аврупо бар он умед аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳукми қатл пурра бекор карда хоҳад шуд».




Гуфта мешавад, ки дар Қазоқистон 21-уми майи соли 2007 пас аз ворид сохтани тағйироту илова ба Сарқонуни кишвар ба ҷуз барои баъзе ҷиноёт, ҳукми қатл бекор карда шудааст. Дар ҳамин ҳол, дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба ҳукми қатл моратория эълон шудааст.



Дар Тоҷикистон соли 2004 ба ҳукми қатл моратория эълон гардида, аз ин ба баъд дар кишвар ба ивази ҷазои ҳукми қатл ҳабси якумра амал мекунад. Дар Ӯзбекистон низ аз 1-уми январи соли 2008 қонуне ба тасвиб расид, ки тибқи он ҳукми қатл ба ҳабси дарозмуддат ё якумра иваз карда шуд. Дар Туркманистон ва Қирғизистон низ ба ҳукми қатл моратория эълом шудааст.



Мувофиқи маълумоти Комиссияи Аврупо, феълан дар 137 кишвари дунё ҳукми қатл истифода намешавад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.