Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки аз 1-уми октябр шурӯъ шуд, дар миқёси ҷумҳурӣ ба андозаи 20 дарсад иҷро шудааст.
Аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар даҳаи аввал танҳо дар ноҳияи Зафаробод нақшаи даъват 100 дарсад ба иҷро расидааст.
Аз Вазорати дифоъ ҳамчунин хабар доданд, ки аксари ҷавонони синнусоли даъватӣ феълан дар Русия қарор доранд. «Айни замон шумори муҳоҷирони меҳнатии ҷавонони синнусоли даъватӣ ба пойтахт – шаҳри Душанбе низ хеле афзудааст», – изҳор дошт манбаъ. Маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳатмии низомӣ то 30-уми ноябр идома хоҳад ёфт.
Ёдрас мекунем, ки сарфи назар аз баъзе мушкилот, нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба андозаи 100 дарсад иҷро гардида, он замон беш аз 8 ҳазор нафар ҷавонон ба хизмат даъват карда шуданд.


