Шаҳрдори Душанбе аз ҳолати омодагии зиддисӯхтори иншооти пойтахт қаноатманд нест

Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи васеи назорати шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати мири шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаи омодагии зиддисӯхтори иншооти пойтахти ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, М.Убайдуллоев дар робита ба сӯхтори   чанде қабл дар бозори «Шоҳмансур» рухдода фаъолияти хадамоти […]


Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи васеи назорати шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати мири шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаи омодагии зиддисӯхтори иншооти пойтахти ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Тавре сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, М.Убайдуллоев дар робита ба сӯхтори

 

чанде қабл дар бозори «Шоҳмансур» рухдода фаъолияти хадамоти оташнишонии шаҳр ва роҳбарони корхонаву муассисотро дар роҳандозии чораҳои пешгирии сар задани сӯхтор ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард.



«Қарор шуд, ки тӯли як моҳ аз ҷониби комиссияи махсус вазъи омодагии зиддисӯхтори ҳамаи корхонаву муассисот ва субъектҳои хоҷагидории пойтахт мавриди санҷиш қарор гирифта, натиҷаҳои он дар ҷаласаи махсуси назорати шаҳрдорӣ муҳокима карда хоҳад шуд», – изҳор дошт манбаъ.



Зикр гардид, ки дар натиҷаи хунукназарӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои мансабӣ роҳбари Идораи истифодаи роҳҳои мошингарди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонхӯҷа Амиров ва директори бозори «Деҳқон» Нусратулло Раҳматшоев аз вазифаашон сабукдӯш карда шуданд.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.