Э.Раҳмон аз иҷрои амалии дастуру супоришҳои додашуда зимни сафари корӣ ба Рашт ёдовар шуд

Душанбе. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати мамлакат, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор идораву муассисаҳои давлатӣ ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд. Дар машварат масоили вобаста ба татбиқи амалии дастуру супоришҳои президенти, ки зимни сафари кории ӯ ба ноҳияҳои водии Рашт баён гашта […]


Душанбе. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати мамлакат, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор идораву муассисаҳои давлатӣ ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.




Дар машварат масоили вобаста ба татбиқи амалии дастуру супоришҳои президенти, ки зимни сафари кории ӯ ба ноҳияҳои водии Рашт баён гашта буданд ва санадҳое, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон

 

дар ҳамоишҳои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, баррасӣ шуд.



Сарвари давлат баҳри иҷрои пурраю саривақтӣ ва босифати онҳо ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод.



Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масоили кишти тирамоҳии ғалладона ва сабзавоту картошкаи барвақтӣ,

 

ба кор даровардани гармхонаҳои сабзавотпарварӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони пешомад, аз ҷумла баҳри захира намудани маводи сӯхт ва озуқаворӣ таваҷҷӯҳ намуда, дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.



Супоришҳои қатъӣ оид ба тезондани сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, ба кор даровардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, бо газу барқ таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ ва расондани об ба хоҷагиҳои кишоварзӣ баҳри гузарондани кишти тирамоҳӣ ва ҳамчунин доир ба ҷамъоварии маблағи истифодаи газ, барқ ва об дода шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.