Дар Тоҷикистон Ҷамъияти миллии геологӣ таъсис меёбад

            Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим хабар дод, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон Ҷамъияти миллии кӯҳии геологӣ таъсис дода мешавад. «Оинномаи он аллакай таҳия гардидааст», – гуфт ӯ.             Ба қавли А.Иброҳим, таъсиси ҷамъият яке аз талаботҳои Конгресси байнулмилалии геологҳо мебошад, ки созмонҳои геологии 120 кишвари […]



           

Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим хабар дод, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон Ҷамъияти миллии кӯҳии геологӣ таъсис дода мешавад. «Оинномаи он аллакай таҳия гардидааст», – гуфт ӯ.





           

Ба қавли А.Иброҳим, таъсиси ҷамъият яке аз талаботҳои Конгресси байнулмилалии геологҳо мебошад, ки созмонҳои геологии 120 кишвари дунёро муттаҳид месозад. «Таъсиси чунин ҷамъият ҳамгиройии соҳаи геологияи тоҷик бо созмонҳои геологии ҷаҳонро осонтар менамояд», – гуфт А.Иброҳим.




           

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар ҷаласаи 33-уми конгресси мазкур Тоҷикистон ба узвияти ин ташкилот ва Созмони байнулмилалии геологӣ (


IUGS


) пазируфта шуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.