А.Додобоев: Аз рӯи парвандаи ҷиноии Сӯҳроб Лангариев 16 нафар ба ҳабс гирифта шуданд

Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти хабарӣ муовини аввали додситони кулли ҷумҳурӣ Абдусамеъ Додобоев изҳор дошт, ки аз рӯи парвандаи ҷиноии Сӯҳроб Лангариев, ки ҳангоми баргузории амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Кӯлоб боздошт гардид, 16 нафар ба ҳабс гирифта шуданд. Номбурда афзуд, ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. «Барои ошкор сохтани […]


Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти хабарӣ муовини аввали додситони кулли ҷумҳурӣ Абдусамеъ Додобоев изҳор дошт, ки аз рӯи парвандаи ҷиноии Сӯҳроб Лангариев, ки ҳангоми баргузории амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Кӯлоб боздошт гардид, 16 нафар ба ҳабс гирифта шуданд.




Номбурда афзуд, ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. «Барои ошкор сохтани ҳамаи паҳлӯҳои парвандаи ҷиноӣ тафтишот ҳанӯз идома дорад», – гуфт ӯ.



Ёдовар мешавем, ки Сӯҳроб Лангариеви 29-сола 27-уми май зимни баргузории амалиёти махсус дар шаҳри Кӯлоб боздошт шудааст. Ӯ ба яке аз шабакаҳои трасмиллии интиқоли маводи мухаддир дар Тоҷикистон роҳбарӣ мекард. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пас аз тафтиши якчанд ҳодисаҳои убури ғайриқонунии сарҳад бо мақсади паҳн кардан ва фурӯши маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон, аз пайи ҷустуҷӯи С.Лангариев шуданд. Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки дар марзи Афғонистону Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрвандони ҳарду кишвар гурӯҳи трансмиллии қочоқчиёни маводи мухаддир фаъолият дошт. Яке аз чунин шабакаҳои интиқоли маводи мухаддирро маҳз Сӯхроб Лангариев роҳбарӣ мекард, ки аз соли 2002 барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт», – таъкил кард манбаъ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.