Додситонии кулл ҷинояти қатли Захарченкоро ошкор сохт

              Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти хабарӣ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки бо вуҷуди он ки доираи гумонбаршудагони содир намудани ҷинояти қатли сардори гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи Вазорати умури дохилӣ Олег Захарченко аллакай мушаххас аст, ҳанӯз ҳеҷ кадоме аз онҳо боздошт нашудаанд. Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти […]





 






           

Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти хабарӣ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки бо вуҷуди он ки доираи гумонбаршудагони содир намудани ҷинояти қатли сардори гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи Вазорати умури дохилӣ Олег Захарченко аллакай мушаххас аст, ҳанӯз ҳеҷ кадоме аз онҳо боздошт нашудаанд. Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти сирри тафтишот ифшои ҷузъиёти ин парванда ғайриимкон аст.






           

Дар ҳамин ҳол, дар идомаи сӯҳбат оид ба ин мавзӯъ муовини аввали додситони кулли ҷумҳурӣ Абдусамеъ Додобоев қайд кард, ки феълан кор бурдан аз рӯи ин парванда қатъ шудааст. «Тафтишоти ҳамаҷонибаи парванда ҳаҷми кори зиёдеро тақозо дорад, вале дар ҳар сурат ҷинояткорон беҷазо нахоҳанд монд, – гуфт ӯ. – Рӯзноманигор Олимпурро 13 сол пеш кушта буданд, вале қотил чанд рӯз қабл ҷазояшро гирифт».






 


 




Ёдрас мекунем, 2-уми феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм миёни гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохилӣ  ва шӯъбаи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили ноҳияи Рашт задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шуда, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко кушта шуд.





Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар сардори раёсати минтақавии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба даст доштан дар ин ҷиноят гумонбар медонистанд.






Дар ҳамин ҳол, 3-уми октябр бо фармони вазири умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт барҳам дода шуд. Ҳамаи кормандони раёсати мазкур, ки ба он полковники милиса Мирзохӯҷа Аҳмадов роҳбарӣ мекард, силоҳҳояшонро ба мақомот супориданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.





Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Аҳмадов изҳор дошт, ки пас аз мулоқот бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба чунин қарор омадаанд. «Мо 14 адад аслиҳаи оташфишон супоридем ва акнун ҷои кори минбаъдаи моро Раёсати кадрҳои вазорат ҳал хоҳад кард», – гуфт ӯ.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.