Бонки «Эсхата» ба мизоҷон хизматрасонии эмин доштани маблағҳо аз таваррум ва поин рафтани қурби асъорро пешниҳод месозад

Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Бонки Эсхата» тарзи тозаи маблағгузорӣ – «Маблағгузорӣ бо асъори гуногун»-ро мавриди истифода қарор дод. Дар шарҳи масъалаи мазкур сардори шӯъбаи тиҷорати чаканаи бонк Бахтиёр Ҳошимов чунин ибрози назар намуд, ки ин тарзи маблағгузорӣ ба маблағгузории мултиасъорӣ, ки дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Русия хеле […]


Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Бонки Эсхата» тарзи тозаи маблағгузорӣ – «Маблағгузорӣ бо асъори гуногун»-ро мавриди истифода қарор дод.




Дар шарҳи масъалаи мазкур сардори шӯъбаи тиҷорати чаканаи бонк Бахтиёр Ҳошимов чунин ибрози назар намуд, ки ин тарзи маблағгузорӣ ба маблағгузории мултиасъорӣ, ки дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Русия хеле рушд ёфтааст, қаробат дорад.



Номбурда изҳор дошт, ки маблағгузорӣ бо асъори гуногун махсусан ҳангоми шадидан болову поин рафтани қурби асъор даромади зиёд меорад. «Бо назардошти вазъи имрӯзаи номусоиди бозори молиявии ҷаҳон, мо қарор додем, ба мизоҷон хизматрасонии эҳтиёти маблағҳо аз таваррум ва поин рафтани қурби асъорро пешниҳод созем», – гуфт Б.Ҳошимов ва афзуд, ки мизоҷ на танҳо маблағи худро эмин нигаҳ медорад, балки имконият пайдо мекунад, ки аз он даромади бештар бигирад.



Ба қавли корманди бонк, миқдори фоизҳои ин тарзи маблағгузорӣ чун маблағгузориҳои дигари инфиродӣ вобаста ба тарзи асъор аз 18 то 20 дарсади солонаро ташкил медиҳанд.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.