Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати чиноии «Шанг Донг Сан Ксин» дар Тоҷикистон корхонаи муштарак боз карданист.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, масъалаи мазкур дар мулоқоти раиси палата Шариф Саид бо ҳайати намояндагони Чин таҳти сарварии роҳбари ширкати мазкур Йонгксианг Лю мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати Чин аз намояндагони бонкҳо, соҳаҳои маориф, энергетика ва ғайра иборат буда, онҳо ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо шарикони тоҷикистонии худ ба ҷумҳурӣ ташриф овардаанд. «Аксари соҳибкорони Чин имрӯз муваффақона дар Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ мондаанд, вале бо вуҷуди ин, феълан низ дар кишвари мо соҳибкорони зиёде хоҳиш доранд, ба рушди иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд», – гуфт сарвари ҳайати Чин Йонгксианг Лю.
Дар навбати худ раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид меҳмононро бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ошно сохта, таъкид дошт, ки солҳои ахир муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳоли густариши бесобиқа қарор доранд.


