Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Нахустин шабакаи давлатии иттилоотии телевизиони Тоҷикистон – «Ҷаҳоннамо» аз моҳи ноябр ба кор шурӯъ мекунад.
Имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов изҳор дошт, ки шабакаи иттилоотӣ шабонарӯзӣ буда, забони асосии он – тоҷикӣ хоҳад буд.
«Пас аз шурӯъи фаъолият дар марҳилаи аввал мавҷҳои он фарогири ҳудуди 60 дарсади қаламрави ҷумҳурӣ хоҳанд буд», – гуфт ӯ.
Дар мавриди мавзӯъҳои афзалиятноки шабакаи оянда А.Раҳмонов ҳамчунин зикр кард, ки дар он ба соҳаи варзиш низ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд. Номбурда афзуд, ки оғози фаъолияти шабакаи телевизиони муштараки форсизабонон дар соли 2009 ба нақша гирифта шудааст.


