Дар Суғд баррасии парвандаи ҷиноии ҳаммаслакони собиқ вакили маҷлиси вилоят Н.Ҷӯраев идома дорад

Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ҳаммаслакони Ҷӯраев Низомхон, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) «Кимиё»-и шаҳри Исфара, собиқ вакили халқи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд идома дорад. Имрӯз муовини аввали раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Наимҷон Муллоев дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон дар ин хусус ҳарф зада, […]


Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ҳаммаслакони Ҷӯраев Низомхон, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) «Кимиё»-и шаҳри Исфара, собиқ вакили халқи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд идома дорад.




Имрӯз муовини аввали раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Наимҷон Муллоев дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон дар ин хусус ҳарф зада, изҳор дошт, ки мурофиа кушод буда, он таҳти раёсати додраси Додгоҳи Олӣ Нур Нуров баргузор шуда истодааст. «Гумонбаршудаи асосӣ дар парвандаи ҷиноии пурсарусадо Н.Ҷӯраев то ҳанӯз дар пайгарди қонунӣ қарор дорад», – гуфт ӯ.



Моҳи июли соли равон директори агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимов дар нишасти матбуотӣ иҳор дошта буд, ки агентӣ парвандаи ҷиноии мазкурро нисбат ба 33 нафар ҳаммаслакони Н.Ҷӯраев ба итмом расонида, ба додгоҳ фиристодааст, ки зарари молиявӣ аз рӯи ин парванда 38 млн. сомониро ташкил медиҳад. Аз шумори 33 нафар 17 нафари онҳо дар ҳабс қарор доранд.



Директори агентӣ ҳамзамон ёдовар шуд, ки аъзои гурӯҳи Н.Ҷӯраев на танҳо ба содир намудани ҷиноёти иқтисодӣ, балки дар ҷиноятҳои қатли муовини прокурори генералии ҶТ Толиб Бобоев, ғоратгарӣ, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа, дуздии маблағҳои пулии бо роҳи ҷиноят ба даст омада низ гумонбар дониста мешаванд. «Бар замми ин, гурӯҳи номбурда 16 иншоотии давлатӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли рангҳои молиданиро ба маблағи ҳамагӣ 60 ҳазор сомонӣ ғайриқонунӣ хусусӣ гардонидаст, ки арзиши аслии он ба 700 ҳазор сомонӣ баробар аст ва тибқи қарори Додгоҳи олии иқтисодӣ муомилоти харидуфурӯши ин иншоот ғайриқонунӣ эътироф гардида, он ба моликияти давлат баргардонида шуд», – гуфт Ш.Салимов.



Ба қавли ӯ, 15 иншооти дигар, аз қабили автомашина, бӯстонсаро, манзилҳои зист ва дафтарҳои корӣ таҳти назорат қарор дода шудаанд.



«Низомхон Ҷӯраев айни замон дар ҷустуҷӯ қарор дорад, вале ҳарчанд ба мо макони иқомати ӯ маълум бошад ҳам, бо сабаби идомаи тафтиш аз ифшои он худдорӣ мекунам», – афзуд Ш.Салимов.



Ёдрас мекунем, ки ҳаммаслакони Н.Ҷӯраев директори корхонаи истеҳсоли консерваи шаҳри Исфара Содир Убайдуллоев, собиқ директори ҳамин корхона Рустам Зикриёев, директор ва сармуҳандиси корхонаи истеҳсоли спирти шаҳри Исфара Шукрулло Деҳқонов ва Аҳмадбой Абдуллоев, сардори шӯъбаи таъминоти корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Бафо Набиев, корманди гурӯҳи фаврии зудамали Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Мирзохалил Раҳмонов, ду нафар соҳибкорони хусусӣ – Абдуқодир Қодиров, Ҳикмат Бурҳонов ва дигарон мебошанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.