Нахустин шабакаи иттилоотии телевизиони Тоҷикистон аз моҳи ноябр ба кор шурӯъ мекунад

Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Нахустин шабакаи давлатии иттилоотии телевизиони Тоҷикистон – «Ҷаҳоннамо» аз моҳи ноябр ба кор шурӯъ мекунад. Имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов изҳор дошт, ки шабакаи иттилоотӣ шабонарӯзӣ буда, забони асосии он – тоҷикӣ хоҳад буд. «Пас аз шурӯъи фаъолият дар марҳилаи […]


Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Нахустин шабакаи давлатии иттилоотии телевизиони Тоҷикистон – «Ҷаҳоннамо» аз моҳи ноябр ба кор шурӯъ мекунад.




Имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов изҳор дошт, ки шабакаи иттилоотӣ шабонарӯзӣ буда, забони асосии он – тоҷикӣ хоҳад буд.



«Пас аз шурӯъи фаъолият дар марҳилаи аввал мавҷҳои он фарогири ҳудуди 60 дарсади қаламрави ҷумҳурӣ хоҳанд буд», – гуфт ӯ.



Дар мавриди мавзӯъҳои афзалиятноки шабакаи оянда А.Раҳмонов ҳамчунин зикр кард, ки дар он ба соҳаи варзиш низ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд. Номбурда афзуд, ки оғози фаъолияти шабакаи телевизиони муштараки форсизабонон дар соли 2009 ба нақша гирифта шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод зикр мекунанд, ки вазъият давоми як шабонарӯз пас аз супориши президент муътадил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.