Рӯзи шанбеи дуввуми ҳар моҳ дар Душанбе рӯзи умумишаҳрии санитарӣ мешавад

Date:



           

Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷараёни баргузории иҷлосияи 15-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм шаҳрдори пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳод кард, ки рӯзи шанбеи дуввуми ҳар моҳ дар шаҳри Душанбе рӯзҳои санитариву эпидемиологӣ гузаронида шавад.





           

«Ин рӯзҳо бо навбат дар шаҳраку маҳаллаҳо, корхонаву муассисаҳо ва бозору иншоотҳои дигар баргузор гардида, баҳри ободониву тозагӣ ва риояи талаботи санитариву эпидемиологӣ равона хоҳанд шуд», – гуфт раиси шаҳр ва афзуд, ки баргузории чунин рӯзҳо аз моҳи ноябр шурӯъ мешаванд.




           

М.Убайдуллоев ҳамчунин зикр кард, ки дар ин рӯз бояд ҳар як сокини пойтахт дар ободониву тозагии шаҳр саҳм бигирад. Намояндагони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳоди раиси пойтахтро дастгирӣ карданд.





 


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...