ОМОН-и Тоҷикистон соҳиби роботи минаҷӯ шуд

Душанбе. 17-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пеш Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ба гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон роботи минаҷӯеро тақдим кард, ки 100 ҳазор евро арзиш дорад. Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ин робот ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бехавфгардонии […]


Душанбе. 17-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пеш Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ба гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон роботи минаҷӯеро тақдим кард, ки 100 ҳазор евро арзиш дорад.




Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ин робот ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бехавфгардонии минаҳо, муҳимоти натаркида ва безараргардонии таҷҳизоту дастгоҳҳои инфиҷорӣ кӯмак хоҳад кард.



Тибқи маълумоти вазорат, 10 нафар кормандони соҳаи бехавгардонии минаи ин гурӯҳи милиса курсҳои омӯзишии САҲА оид ба безараргардонии минаҳоро хатм кардаанд.



Маросими тақдими робот бо иштироки вазири умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов ва сафири Дафтари САҲА дар Душанбе Владимир Пряхин баргузор шуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.