Рӯзи шанбеи дуввуми ҳар моҳ дар Душанбе рӯзи умумишаҳрии санитарӣ мешавад

            Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷараёни баргузории иҷлосияи 15-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм шаҳрдори пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳод кард, ки рӯзи шанбеи дуввуми ҳар моҳ дар шаҳри Душанбе рӯзҳои санитариву эпидемиологӣ гузаронида шавад.             «Ин рӯзҳо бо навбат дар шаҳраку маҳаллаҳо, корхонаву муассисаҳо ва бозору иншоотҳои дигар баргузор […]



           

Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷараёни баргузории иҷлосияи 15-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм шаҳрдори пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳод кард, ки рӯзи шанбеи дуввуми ҳар моҳ дар шаҳри Душанбе рӯзҳои санитариву эпидемиологӣ гузаронида шавад.





           

«Ин рӯзҳо бо навбат дар шаҳраку маҳаллаҳо, корхонаву муассисаҳо ва бозору иншоотҳои дигар баргузор гардида, баҳри ободониву тозагӣ ва риояи талаботи санитариву эпидемиологӣ равона хоҳанд шуд», – гуфт раиси шаҳр ва афзуд, ки баргузории чунин рӯзҳо аз моҳи ноябр шурӯъ мешаванд.




           

М.Убайдуллоев ҳамчунин зикр кард, ки дар ин рӯз бояд ҳар як сокини пойтахт дар ободониву тозагии шаҳр саҳм бигирад. Намояндагони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳоди раиси пойтахтро дастгирӣ карданд.





 


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.