Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати хориҷии «Тетис Петролиум» фаъолияти кони гази «Комсомол-180»-ро, ки дар маҳаллаи Лучоби пойтахт воқеъ аст, аз нав барқарор месозад.
Тавре сардори яке аз воҳидҳои ин ширкат Назрӣ Баҳодуров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барқарорсозии фаъолияти ин кон то ахири моҳ ба анҷом мерасад ва сипас маълум хоҳад шуд, ки мӯҳлат истихроҷи газ аз он кай оғоз мегардад. «Интизор меравад, ки аз як чоҳи кон то 10-15 ҳазор метри мукааб газ истихроҷ хоҳад шуд ва адади чунин чоҳҳо дар кони «Комсомол-180» 18-то аст», – таъкид сохт ӯ. Дар маҷмӯъ, аз ин кон истеҳсоли 2 млн. метри мукааб газ ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки кони мазкур соли 1953 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, захираи он 2,5 млрд метри мукааб газ арзёбӣ гардида буд.


