Ширкати хориҷии «Тетис Петролиум» фаъолияти кони гази «Комсомол-180»-ро барқарор месозад

Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати хориҷии «Тетис Петролиум» фаъолияти кони гази «Комсомол-180»-ро, ки дар маҳаллаи Лучоби пойтахт воқеъ аст, аз нав барқарор месозад. Тавре сардори яке аз воҳидҳои ин ширкат Назрӣ Баҳодуров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барқарорсозии фаъолияти ин кон то ахири моҳ ба анҷом мерасад ва сипас маълум хоҳад шуд, ки […]


Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати хориҷии «Тетис Петролиум» фаъолияти кони гази «Комсомол-180»-ро, ки дар маҳаллаи Лучоби пойтахт воқеъ аст, аз нав барқарор месозад.




Тавре сардори яке аз воҳидҳои ин ширкат Назрӣ Баҳодуров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барқарорсозии фаъолияти ин кон то ахири моҳ ба анҷом мерасад ва сипас маълум хоҳад шуд, ки мӯҳлат истихроҷи газ аз он кай оғоз мегардад. «Интизор меравад, ки аз як чоҳи кон то 10-15 ҳазор метри мукааб газ истихроҷ хоҳад шуд ва адади чунин чоҳҳо дар кони «Комсомол-180» 18-то аст», – таъкид сохт ӯ. Дар маҷмӯъ, аз ин кон истеҳсоли 2 млн. метри мукааб газ ба нақша гирифта шудааст.



Ёдовар мешавем, ки кони мазкур соли 1953 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, захираи он 2,5 млрд метри мукааб газ арзёбӣ гардида буд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.