Дар Маскав намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия масоили шарикӣ дар соҳаи сармоягузориро баррасӣ мекунанд

            Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 20-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав дар доираи татбиқи Барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) ва ҷаласаи раҳбарияти шӯрои он дар мавзӯи «Шарикӣ дар соҳаи сармоягузорӣ барои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамгиройӣ дар Осиёи Марказӣ» ҳамоиши иқтисодӣ баргузор мешавад.             […]




           

Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 20-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав дар доираи татбиқи Барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) ва ҷаласаи раҳбарияти шӯрои он дар мавзӯи «Шарикӣ дар соҳаи сармоягузорӣ барои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамгиройӣ дар Осиёи Марказӣ» ҳамоиши иқтисодӣ баргузор мешавад.







           

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласаҳои ҳамоиш намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия – тоҷирону сиёсатмадорони маъруф, иқтисодчиёни созмонҳои байнулмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ масоили дурнамои рушди зерсохтори нақлиёт, соддакунии тартиботи убури марзҳо, истифодаи босамару оқилонаи захоири энергетикӣ ва обии минтақаи Осиёи Марказӣ, роҳу воситаҳои ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани молу маҳсулот ва ашёи хом ва бозсозии корхонаҳои саноатӣ бо мақсади таъсиси ширкатҳои байнулмилалии рақобатпазирро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.






           

Дар кори ҳамоиш роҳбарони як қатор вазорату идораҳои марбутаи кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Русия, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, мансабдорони воломақоми СММ ва созмонҳои байнулмилалӣ ширкат хоҳанд варзид.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.