СММ ба занону кӯдакони Тоҷикистон ба маблағи $200 ҳазор кӯмаки ғизоӣ ҷудо кард

Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз Хазинаи марказии рафъи оқибатҳои вазъи фавқулодда ба занону кӯдакони Тоҷикистон ба маблағи $200 ҳазор кӯмаки ғизоӣ ҷудо кард. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад. Ба ҳамин тариқ, ҳаҷми умумии маблағи ҷудонамудаи ин Хазина аз оғози таъсиси он дар соли 2006 ба 1 […]


Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» –


Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз Хазинаи марказии рафъи оқибатҳои вазъи фавқулодда ба занону кӯдакони Тоҷикистон ба маблағи


$200 ҳазор кӯмаки ғизоӣ ҷудо кард. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад.




Ба ҳамин тариқ, ҳаҷми умумии маблағи ҷудонамудаи ин Хазина аз оғози таъсиси он дар соли 2006 ба 1 млрд. доллари амрикоӣ расидааст. Сухангӯи СММ дар як нишасте дар шаҳри Ню-Йорк гуфтааст, ки маблағи ҷудогардида ба Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои ногувори бӯҳрони ғизоӣ дар ин кишвар равона мегардад.



Дар маҷмӯъ, аз соли 2006 то ба имрӯз аз ҳисоби ин Хазина ба 65 кишвари дунё кӯмакпулиҳо ихтисос дода шудаанд. Хазинаи мазкур бо сармояи оинномавии 500 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби пардохтҳои ихтиёрии кишварҳои узв, бахши хусусӣ ва ҳамаи хоҳишмандон ташаккул ва афзоиш меёбад.



Ёдрас мекунем, ки Бонки ҷаҳонӣ ахиран Тоҷикистонро аз қабили кишварҳои фақиртарин ва осебпазири ҷаҳон аз ҷиҳати амнияти ғизо дониста, аз кишварҳои ёрирасон тақозо кард, то ҷиҳати ҳалли мушкилоти ғизо ба Тоҷикистон наздики 35 миллион доллари амрикоӣ кӯмак кунанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.