«Тоҷик Эйр»-ро шаш тақсим мекунанд

               Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Тоҷикистон қарор «Дар бораи бозсозии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии (КВДҲ) «Тоҷик Эйр»-ро ба имзо расонид.             Тавре сухангӯи КВДҲ «Тоҷик Эйр» Назира Давлатова хабар дод, мувофиқи қарор бо ҷудо гардидан аз ҳайати КВДҲ «Тоҷик Эйр» панҷ корхонаи воҳиди давлатии дигар – КВД «Тоҷикаэронавигатсия», КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии […]




            





 

Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Тоҷикистон қарор «Дар бораи бозсозии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии (КВДҲ) «Тоҷик Эйр»-ро ба имзо расонид.





           

Тавре сухангӯи КВДҲ «Тоҷик Эйр» Назира Давлатова хабар дод, мувофиқи қарор бо ҷудо гардидан аз ҳайати КВДҲ «Тоҷик Эйр» панҷ корхонаи воҳиди давлатии дигар – КВД «Тоҷикаэронавигатсия», КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии «Душанбе», КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии «Хуҷанд», КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии «Кӯлоб», КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии «Қӯрғонтеппа» таъсис дода шуда, дар маҷмӯъ бо КВДҲ «Тоҷик Эйр» шаш корхонаи тоза арзи вуҷуд мекунад.




           

Ба гуфтаи намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ, амалисозии қарори мазкур, ки дар таърихи 1-уми октябр аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расидааст, ба дӯши комиссияи махсуси салоҳиятдори аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ташкилгардида вогузор мешавад. Анҷоми бозсозии КВДҲ «Тоҷик Эйр» то ахири сол пешбинӣ шудааст.




           

Н.Давлатова зикр кард, ки яке аз вазифаҳои асосии комиссияи мазкур тақсими тавозун (баланси) миёни корхонаҳои тозатаъсис аст. «Сипас аз рӯи натиҷаҳои хулосаи комиссия оинномаҳои ин корхонаҳо таҳия гардида, роҳбарони корхонаҳо таъин хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.




           

Номбурда афзуд, ки ба ҷуз КВД «Тоҷикаэронавигатсия», корхонаҳои тозатаъсиси дигар ба ҷамъиятҳои саҳомӣ табдил дода мешаванд. «Саҳмияи назоратӣ сад дарсад ба давлат таллуқ хоҳад дошт ва ин корхонаҳо хусусӣ гардонида намешаванд», – таъкид сохт Н.Давлатова.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.