«Тоҷик Эйр»-ро шаш тақсим мекунанд

Date:




            





 

Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Тоҷикистон қарор «Дар бораи бозсозии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии (КВДҲ) «Тоҷик Эйр»-ро ба имзо расонид.





           

Тавре сухангӯи КВДҲ «Тоҷик Эйр» Назира Давлатова хабар дод, мувофиқи қарор бо ҷудо гардидан аз ҳайати КВДҲ «Тоҷик Эйр» панҷ корхонаи воҳиди давлатии дигар – КВД «Тоҷикаэронавигатсия», КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии «Душанбе», КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии «Хуҷанд», КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии «Кӯлоб», КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии «Қӯрғонтеппа» таъсис дода шуда, дар маҷмӯъ бо КВДҲ «Тоҷик Эйр» шаш корхонаи тоза арзи вуҷуд мекунад.




           

Ба гуфтаи намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ, амалисозии қарори мазкур, ки дар таърихи 1-уми октябр аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расидааст, ба дӯши комиссияи махсуси салоҳиятдори аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ташкилгардида вогузор мешавад. Анҷоми бозсозии КВДҲ «Тоҷик Эйр» то ахири сол пешбинӣ шудааст.




           

Н.Давлатова зикр кард, ки яке аз вазифаҳои асосии комиссияи мазкур тақсими тавозун (баланси) миёни корхонаҳои тозатаъсис аст. «Сипас аз рӯи натиҷаҳои хулосаи комиссия оинномаҳои ин корхонаҳо таҳия гардида, роҳбарони корхонаҳо таъин хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.




           

Номбурда афзуд, ки ба ҷуз КВД «Тоҷикаэронавигатсия», корхонаҳои тозатаъсиси дигар ба ҷамъиятҳои саҳомӣ табдил дода мешаванд. «Саҳмияи назоратӣ сад дарсад ба давлат таллуқ хоҳад дошт ва ин корхонаҳо хусусӣ гардонида намешаванд», – таъкид сохт Н.Давлатова.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...