Душанбе. 18-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Муаллимаи забону адабиёти тоҷики мактаби таҳсилоти умумии рақами 10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сабоҳат Шералиева ғолиби озмуни «Муаллими беҳтарини соли 2008» дониста шуд.
Ба иттилои сухангӯи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, ғолиби озмун ба унвони «Аълочии маориф» сазовор дониста шуда, ба ӯ телевизори ранга ва
DVD
, ки арзишаш ба 2000 сомонӣ баробар аст, тақдим карда шуд.
Ёдрас мекунем, ки дар озмуни мазкур 8 нафар ғолибони озмунҳои минтақавӣ иштирок карданд. Ширкаткунандагони озмун дар бахшҳои гузаронидани дарс, аз рӯйи ихтисос, таҳияи нақшаи гузаронидани он, пешниҳод намудани дараҷаи эҷоди худ, кор бо компютер ва маҳорати баргузории соати тарбиявӣ бо ҳам қувваозмоӣ менамоянд.
Соли гузашта омӯзгори забони англисии литсеи рақами 55-и шаҳри Душанбе муаллими беҳтарини сол дониста шуд. Баргузор намудани чунин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониши омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумӣ ва дар ин замина ба бедор кардани ҳисси муҳаббат ва завқи онҳо нисбат ба касби пурифтихори омӯзгорӣ мусоидат мекунад.


