Муаллимаи забону адабиёти тоҷики ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғолиби озмуни «Муаллими беҳтарини соли 2008» дониста шуд

Душанбе. 18-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Муаллимаи забону адабиёти тоҷики мактаби таҳсилоти умумии рақами 10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сабоҳат Шералиева ғолиби озмуни «Муаллими беҳтарини соли 2008» дониста шуд. Ба иттилои сухангӯи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, ғолиби озмун ба унвони «Аълочии маориф» сазовор дониста шуда, ба ӯ телевизори ранга ва DVD , ки арзишаш ба […]


Душанбе. 18-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Муаллимаи забону адабиёти тоҷики мактаби таҳсилоти умумии рақами 10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сабоҳат Шералиева ғолиби озмуни «Муаллими беҳтарини соли 2008» дониста шуд.




Ба иттилои сухангӯи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, ғолиби озмун ба унвони «Аълочии маориф» сазовор дониста шуда, ба ӯ телевизори ранга ва


DVD


, ки арзишаш ба 2000 сомонӣ баробар аст, тақдим карда шуд.



Ёдрас мекунем, ки дар озмуни мазкур 8 нафар ғолибони озмунҳои минтақавӣ иштирок карданд. Ширкаткунандагони озмун дар бахшҳои гузаронидани дарс, аз рӯйи ихтисос, таҳияи нақшаи гузаронидани он, пешниҳод намудани дараҷаи эҷоди худ, кор бо компютер ва маҳорати баргузории соати тарбиявӣ бо ҳам қувваозмоӣ менамоянд.



Соли гузашта омӯзгори забони англисии литсеи рақами 55-и шаҳри Душанбе муаллими беҳтарини сол дониста шуд. Баргузор намудани чунин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониши омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумӣ ва дар ин замина ба бедор кардани ҳисси муҳаббат ва завқи онҳо нисбат ба касби пурифтихори омӯзгорӣ мусоидат мекунад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".